БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ФАЪОЛТАРИН ВА НЕРӮМАНДТАРИН ҲИЗБИ СИЁСИИ ҶУМҲУРӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар толори Мактаби мусиқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки аъзову собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамоиши ҳизбӣ  ба муносибати 27 – умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ иштирок ва баромад карда, 27-солагии таъсиёбии ҲХДТ-ро ба ҳамагон шодбош гуфт.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар мавзӯи “ҲХДТ – фаъолтарин ва нерӯмандтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ” баромад кард.

Инчунин, собиқадори ҳизб Ситорамо Кучарова дар мавзӯи “Нақши ҲХДТ дар таҳкими давлатдории миллӣ” суханронӣ намуд.

Ба собиқадорону аъзоёни фаъоли ҳизб ба инобати меҳнати софдилонаву самаранок дар тадбиқи ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳия супорида шуда, ба директори Мактаби мусиқӣ Нурматов Шуҳрат асбоби мусиқии ғиҷҷак туҳфа карда шуд.

Дар охир хонандагони Мактаби мусиқӣ бо суруду таронаҳои дилошуби худ дар васфи Ватан- Модар ва ҳизб шеърҳо хонда, хотири ҷамъомадагонро шод намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg