БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ҲИЗБИ АМАЛИСОЗИ АРМОНҲОИ МАРДУМ

АНДЕША. Боиси шодмонӣ ва ифтихори беандоза аст, ки таҷлили ҷашни 27-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.  Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чандон тӯлонӣ набошад ҳам, басо ифтихорманду бошараф аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳаллаи ҳассоси Ватан ҳамчун нерӯи созанда, ваҳдатофар ва наҷотбахши миллат ба саҳнаи сиёсӣ ворид гашт. Дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ин ҳизб дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо намуда, обрӯву эътибори баландро соҳиб гашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рисолати ин ҳизб таъкид мекунад, ки он зодаи истиқлоли кишвар буда, ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

Ҳадафҳои минбаъдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди миллӣ,  пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши ҳизб дар беҳтаршавии сатҳи некӯаҳволии мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барномаи амали худро давра ба давра таъмин намуда, ҳадафҳои арзишмандро дар фаъолияти минбаъда аз қабили сиёсати иқтисодӣ, сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, рушди илму маориф ва фарҳанг, сиёсати ҷавонон, сиёсати ҳуқуқиро ба воситаи анҷуманҳо матраҳ намуд ва ин ҳадафҳоро ҳар узви ҳизб дастури амали худ қарор дод.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дар нигаҳдошт ва тараннуми истиқлолу Ваҳдати кишвар, татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи мамлакат саҳми арзанда гузошта, рисолати барҷастаи худшиносӣ, созандагӣ ва ватанпарваронаро волотарин масъулият шуморид.

Дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву пешбарандаи ҷомеа хеле назаррас аст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошад, чунки мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хизмат ба ватан аст.

Мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хонадони мардуми тоҷик овардани сулҳу Ваҳдат буд. Маҳз, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз ҷасорат пайдо намуд, ки сарварии кишвари валангор шудаву фалаҷгашта, ғарибони сарсонгардида ва аз харитаи ҷаҳон аз байн рафтани Тоҷикистонро ба уҳда гирад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии роҳбари муаззамаш тавонист, ки мардумро бо ҳам оварда, эътимоду боварии мардумро ба ояндаи дурахшон раҳнамои намояд.

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg