БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҒАМХОРИ МАЪЮБОНУ БАРҶОМОНДАГОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи мҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони масъули ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аёдати шахсони имконияташон маҳдуд рафтанд.

Масъулини ҳизбӣ сокини ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ Чиллаев Сафаралиро аёдат намуда, бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин ҷавонон туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъро тақдим намуданд.

Бояд қайд намоем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ғамхори шахсони маъюб ва барҷомонда буда, пайваста дастгири ин қишри ҷомеа мебошад ва  кӯшиш менамояд, ки ба дили ин шахсон каме ҳам бошад шодиву хурсандӣ бахшад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg