БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

23 Декабр 2021

ПАЁМ РОҲНАМО ВА НАВИДИ НЕКУСТ

АНДЕША. Барои мо боиси ифтихормандї аст, ки имрўз бо эътимоди комил ва шарафи бузург дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар соли ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ боз як рӯйдоди басо муҳим ва таърихӣ, яъне муждаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии си

ПАЁМИ МАЪРИФАТПАРВАР

АНДЕША. Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ҳамагӣ бо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст.

ЗАН – МОДАР МАВҶУДИ МУҚАДДАС

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳадаф, мақсаду мароми Оинномавӣ ва Барномавиаш, воқеан оинаи поку беғубор ва пуртаҷаллои дирӯзу имрӯз ва фардои Тоҷикистони азиз, замини аҷдодони бузургу фарзандони некном аст. 

ЯТИМОНУ НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ДӮСТӢ. Дар арафаи иди Соли нав бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз  ва саҳми раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" Нурмаҳмадзода Нурмаҳмад ба се нафар нимятим кумаки яквақтаина моддӣ расонида шуд.

РОҲИ ПЕШГИРИИ АЗ КОРОНАВИРУС ГИРИФТАНИ ВАКСИНА АСТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳиро   дар  байни  сокинони маҳаллаҳо ва деҳаҳо ҳамарӯза бо маром идома дода  истодаанд.     

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФОДАГАРИ ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ КИШВАР МЕБОШАД

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Москва дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳия Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии мамлакат тамошо намуданд.

ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БО ҲАМА ГУНА ХАВФУ ХАТАРҲОЕ, КИ ЗИДДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД, ОМОДА МЕБОШАНД

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ЗИНДАГИИ СОКИНОНИ КИШВАР БЕҲТАР МЕГАРДАД

АНДЕША. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21.12.2021 дар Кохи Сомон ироа гардид, давоми мантиқии фаъолияти давлатдории навин, роҳҳои бемайлони рушди иқтисодии кишварро дарбар гирифта, дар як вақт тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии мамлакат тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳлили воқеӣ ёфтанд.

ТАРҒИБИ НУКТАҲОИ ПАЁМ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуруст, мақсаднок, самаранок ва дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар Литсейи давлатии №2- и шаҳр бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо вохӯрӣ доир гардид.

ПАЁМ- ИФОДАКУНАНДАИ НЕРӮИ ЗАНОН АСТ

АНДЕША. Занону модарони ноҳияи Ёвон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва Ваҳдати ҷовидонаи миллат, осоиштагиву  сулҳу салоҳ шукронаи сиёсати дурнамову хирадмандонаи Пешвои миллат Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мароми зиёд тамошо намуда, аз дастгириҳои навбатӣ ва суханҳои отифасолори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифтанд.

ПАЁМ- РОҲНАМОИ ХАЛҚ БА СӮИ ПИРӮЗИҲОСТ

АНДЕША. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла омӯзгоронро давоми ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 32

ПАЁМИ СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР

АНДЕША.  Санаи  21 декабри соли 2021, Паёми навбатии Пешвои миллат дар “Кохи Сомон” баргузор гардид. Пешвои миллат сараввал аз дастовардҳои соли 2020 – 2021, ки дар доираи эълон гардидани солҳои рушди маҳал бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, миннатдории зиёдашонро иброз намуда, ба соҳибкорону ҳашарчиёни мамлакат сипосгузорӣ  намуданд.

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БА ХОТИРИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ПАНҶ.  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус СOVID-19 дар бозори маркази ноҳияи  Панҷ, миёни   сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

НОРАК. Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак идомаи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Пешгирӣ аз табобат  беҳтар аст!" баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин аксия пешгирии паҳншавии коронавирус COVID-19 мебошад.

ЗАНОН - НИГИНИ ПУРҶИЛОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

АНДЕША. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

ПАЁМ - РОҲНАМО БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бунёд, рушд ва инкишофи самтҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушди

ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ...

АНДЕША. Ҳар як инсон дар ҳаёти хеш бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки касабаеро аз худ намуда, баҳри такмили он талош намояд. Дар шароити имрӯзае, ки мо ҳаёт ба сар мебарем, омӯзиши дилхоҳ касб бароямон осону оддӣ менамояд. Танҳо аз мо таваҷҷуҳ ва мақсад лозим аст, ки ҷиҳати омӯзиши он вақти худро сарф намоем.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи корҳои тарғиботӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДРА”- и шаҳр, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз замини хоҷагии ёрирасони назди ташкилоти ибтидоӣ дидан намуданд.

АЁДАТИ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

ДӮСТӢ.  Дар дориаи ташаббусҳои ҳизбӣ, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" Нурмуҳамадзода Нусратулло дар арафаи Соли нави 2022 ба оилаи ниёзманд Исоева Маҳина кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.Исоева Маҳина, сокини деҳаи М.Ҳотами ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, соҳиби се фарзанд буда,  онҳоро танҳо ба воя расонида истодааст.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН"

ДӮСТӢ.  Маҷлиси ҷамъбастии намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсолоти умумии №2-и ноҳияи Дӯстӣ  баргузор гардид.

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

ДӮСТӢ. Дар арафаи Соли нави милодӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  Қурбонов Абдуоҳафиз ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Н. Нурмуҳмадзода ба аёдати собиқадори меҳнат Ӯзбеков Нурмаҳмад рафтанд.

КУМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД АМАЛИ НЕК АСТ

ДӮСТӢ. Бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" Н. Нурмуҳамадзода дар арафаи Соли нави милодӣ  ба як оилаи ниёзманди ҷомеа  Абдулҳаева Гулнора сокини деҳаи Найсони ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл кумаки яквақтаинаи  моддӣ расонида шуд. Аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён шахси ниёзманд руҳбаланд гардида, миннатдории худро ба нафарони ташкилкунанда изҳор дошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg