БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БО ҲАМА ГУНА ХАВФУ ХАТАРҲОЕ, КИ ЗИДДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД, ОМОДА МЕБОШАНД

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АНДЕША. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дар он ба ҳама соҳаҳои кишавар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлолиятро дастоварди беназир дониста, иброз намуданд, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Пас, месазад, ки ба қадри оромиву осудагӣ ва суханони Ҷаноби Олӣ бирасем ва ин Ватанро содиқона дӯст дорем. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо ноил гашт. Аз ҷумла, Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қабул шуда, тамоми сохторҳои давлатиро ба танзим даровард ва ба аксар соҳаҳои кишвар тағйироти куллӣ ворид карда шуд. Рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар оғоз гардид.

Қайд карда шуд, ки сатҳи зиндагии мардум сол то сол беҳтар шуда, музди меҳнат, нафақа, ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсолот бештар гашта истодааст. Тавре дар Паём Пешвои миллат қайд намуданд, “Имсол низ музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҳар  Паёми Президенти мамлакат ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад, ин масъалаи ҷавонон ва таъмини шароити арзанда баҳри эшон аст. Тавре, ки Пешвои миллат иброз намуданд: «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд».  Вобаста ба гуфтаҳои Президенти мамлакат ҷавонони кишварро месазад, ки пайваста дар талоши аз худ кардани илмҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳи хориҷӣ бошанд,  то ин ки кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамаҷиҳата муаррифӣ намоянду баҳри худ зиндагии арзанда муҳайё созанд. Чуноне ки иброз намуданд: Касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.

Умедҷони КАРИМХОН,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg