БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ МАЪРИФАТПАРВАР

АНДЕША. Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ҳамагӣ бо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст.

Паёми навбатии Сарвари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқӣ буда, рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як  давраи муайян ҷамъбаст менамояд ва пешбурди сиёсати давлатиро роҳандозӣ мекунад. Паёми имсолаи Роҳбари давлат аз ҳар бобат дорои навгониҳо буда, он ба фардои пешравӣ ва саодати Тоҷикистони азиз ва мардуми он нигаронида шудааст.

Дар Паём вобаста ба самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи истиқлолият ва арзишҳои он пойдории сулҳи сартосарии кишвар, тарбияи шоистаи хонандагону наврасон ва ҷавонон дастурҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» як нуктаи бисёр муҳим ва созандаю эҳёгар, суннати аҷдодии мо, яъне эҷодкориву рӯ овардан ба китобу китобхониро миёни насли имрӯзи диёр ба вуҷуд овард. Ин озмунҳои то ин дам доиргардида дар ҷомеа инқилоби адабию фарҳангиеро ба миён  овард, ки то имрӯз касе чунин инқилоби овозадорро надидаву нашунидааст. Қайд кардан зарур аст, ки шукӯҳи ин озмунҳо марзи кишварро ҳам убур кард, ки ҷомеаи бурунмарзиро низ ба ҳайрат овардааст.

Он чизе, ки шахсан дар Паём ба такрор эҳсос намудам, ҳамон самимияти беандозаи Пешво буд. Ҳамон меҳр ва дилсӯзии падаронаест, ки дар ҳаққи тамоми қишварҳои ҷомеа барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардум мушоҳида кардам. Дар ин Паём чун Паёмҳои қаблӣ амиқ эҳсос мешуд, ки мақсади Ҷаноби Олӣ сари баланду рӯи сурхи мардум ва шукуфоии кишвари паҳновари мост.

Ҳошимов Тоҳир, мудири шуъбаи бахши омори КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg