Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони маҳаллаҳо ва деҳаҳо ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.
Ин навбат барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ва эҳтиёт аз хатару оқибатҳои бемории коронавирус ва гирифтани ваксина дар ҳамкорӣ бо кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ кормандони ташкилоту муассисаҳоро эмгузаронӣ намуданд.
Зикр карданд, ки яке аз омили асоси пешгири ин беморӣ безараргардонӣ макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи ниқоб ва риояи фосила ба шумор меравад.