БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ...

АНДЕША. Ҳар як инсон дар ҳаёти хеш бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки касабаеро аз худ намуда, баҳри такмили он талош намояд. Дар шароити имрӯзае, ки мо ҳаёт ба сар мебарем, омӯзиши дилхоҳ касб бароямон осону оддӣ менамояд. Танҳо аз мо таваҷҷуҳ ва мақсад лозим аст, ки ҷиҳати омӯзиши он вақти худро сарф намоем.

Дар ҳолати омӯзиши нозукиҳои дилхоҳ касб, инсонро ҳунарманд ном мегиранд. Дар сурати бештар аз худ намудан ва такмили касб атрофиён чунин шахсро “Ҳунарманди асил ” ном мебаранд.

Дар баъзан ҳолатҳо оддитарин касби омӯхтаи мо хони моро пур аз нозу неъмат мегардонад. Агар нафаре, ки якчанд ҳунарро аз худ кунад пас ӯ моҳирона вазифаҳои худро иҷро намуда, даромади оилавиаш низ бештар мегардад.Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “Барои як мард ҷил ҳунар кам аст”. Агар мо дар ҳаёти худ зиёда аз ду ҳунарро аз худ намоем, пас барои мо дари дигар ҳунарҳо боз мегардад.

Низомии Ганҷавӣ беҳтарин мисраҳои шеърии худро дар ин бора овардааст:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

 

Ба маънои дигар бошад, Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ фармудааст:

Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,

Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз.

Аз ин лиҳоз ҳар як волидайнро зарур аст, ки аз хурдӣ фарзандони худро ҳунар омӯзонаду сипас онҳоро ба ҳаёти мустақилона гусел намояд. Фарзанде, ки ҳунарманд аст, метавонад ҳам ҳаёти худ ва волидонашро низ пеш барад.     

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg