БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

02 Декабр 2021

ВАТАНРО БОЯД ДӮСТ ДОШТ

ВОКУНИШ. Терроризму экстремизм бо хавфу хатарҳои худ тамоми қишри ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохта, рӯзе ё моҳе нест, ки аз дасти онҳо мардуми осоиштаи дунё зарари ҷонию молӣ набинад.Чун ин афроди мардумфиреб дар симои саркардагон ва аъзои ташкилоти террористӣ собиқ Ҳизби наҳзати ислом солҳои 1992-1993  барои несту нобут сохтани миллати тоҷик, байни мардум фитна андохта,байни онҳо низоъ бардошта,бародар  бародари худро кушт.

БА ФИТНАИ ХОИНОН БОВАР НАКУНЕД!

ВОКУНИШ. Сулҳу субот ва оромӣ яке аз дастовардҳои бузурги давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он барои бисёр кишварҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Аксар кишварҳо, хусусан давлати ҳамсояи мо - Афғонистон тӯли солҳои зиёд аст, ки дар талоши осудагӣ ва истиқлоли кишвар аст, аммо он ҳама заҳмату орзуи мардум бенатиҷа аст. Чунки идораи давлат ва танзими идеалогияи ҷавонон дар дасти хоинони миллат аст.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА ОРОМИИ ҶОМЕА

ВОКУНИШ. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.

ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОВАРАД РӮЗГОР…

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат инсоният новобаста аз миллату нажод, забону фарҳанг ва дину ойин узви ҷудонашавандаи як пайкаранд ва ба миён омадани нооромиву ноамнӣ дар дилхоҳ минтақаи ҷаҳон боиси нигаронии ҳар як сокини солимфикр ва сулҳпарвари сайёра мегардад.

ЯГОН МУШКИЛӢ БО РОҲИ ҶАНГУ ЗӮРОВАРӢ ҲАЛЛИ ХУДРО НАМЕЁБАД

ВОКУНИШ. Дар баробари соҳибистиқлол будани кишварамон баъзан "инсонҳо" -  еро вомехӯрем, ки аз ин тинҷиву оромӣ ношукрӣ карда дар ҳақи ватану миллат суханҳои қабеҳ мегӯянд. Гурӯҳҳои мухолифин ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсати имрӯзаи моро танқиду таҳқир намуда, ҷавононро ба ҷангу шӯриш даъват менамоянд.

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРИСТ

АНДЕША. Ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тазоҳуроти ғайриқонунии мардум  дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайи чанд рӯзи охир назари  тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳодисоти кишвари мо банд сохт. Гурӯҳе бо назарсанҷӣ ин ҳодисаҳои ногуворро дар партави дахолати гурӯҳҳои даҳшатафкани он тарафи Омӯ маънидод мекарду гурӯҳи дигар аз танишҳои манфиатбори гурӯҳҳои ҷиноятии дохили кишвар.

ШУКРОНА АЗ ДАВЛАТУ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТИ ХЕШ КУНЕД!

ВОКУНИШ. Чуноне аз тариқи расонаҳои ҳабарӣ огаҳӣ дорем 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилояти кишварамон теъдоди мардум гирди ҳам омада тазоҳурот барпо намуданд.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯНДА БОД!

АНДЕША. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барқарор аст.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲАЁТИ СОЛИМ”

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёти солим " маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморҳои сироятӣ махсусан коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба ин васила захира намудани маводи ғизоӣ ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир  намуданд.

ОНЕ, КИ БА МИЛЛАТИ ХУД ХИЁНАТ МЕКУНАД, НОДОНЕСТ, КИ МОДАРИ ХУДРО БА ДУШМАН МЕФУРӮШАД

ВОКУНИШ. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо шарофату заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаву хиради волои мардуми сарбалани кишвар рӯз ба рӯз рушд карда истодааст. Аммо боиси таассуф аст, ки на ҳама аз ин ободиву пешрафт қаноатманд мебошанд.

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ободу зебо гардонидан ва истироҳату фароғатии шаҳрвандони шаҳр дар боғи фарҳангии шаҳр ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш оид ба шоҳи одил Нӯшервон ва вазири хирадманди ў Бузургмеҳр маълумот дода, дар абёти равоне мазмуни зеринро дарҷ кардааст:  «Дарахте, ки дар ҷаҳон пойдор аст ва ҳосили он ҳамаро нофеъ бувад, дарахти хирад аст. Нахустин меваи ин дарахт дили инсон аст, ки шахсро ба олами нузҳату накўӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят мекунад.

ВАҲДАТУ ЯКДИЛӢ МАРОМИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад. (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАХОҲАНД РАСИД

АНДЕША. Ба ҳамагон возеҳ аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди тамоюли вусъатёбии беҳаду марзи ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорад  ва имрӯзҳо мардуми сарбаланди Хоруғ ва фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдеро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз гурӯҳҳои ифротагарову тундгароӣ   дар ҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушд

АМАЛИ ЗИШТИ ХОИНОНРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Тазоҳуроте, ки  дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  шаҳри Хоруғ,  ки рӯзҳои  25-уми ноябр то 28-уми ноябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст,  ҳеҷ як фарди бедордилро бетараф гузошта наметавонад. Аз ҷумла мо низ нисбати ин қазия бетараф набуда, тазоҳуроти  ғайриқонунӣ ва бепояву  беасосро амали авбошона ва зидди манфиатҳо, ормонҳо ва  арзишҳои миллӣ дониста,  қотеъона маҳкум менамоем.

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ХАТАРИ ҶИДДӢ ЭҶОД МЕКУНАД

ВОКУНИШ. Воқеан ҷомеаи ҷахониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Аз нуқтаи назари олимону муҳаққиқон ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.

ВАТАНРО ДӮСТ ДОРЕД!

АНДЕША. Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири худ  меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем.

МО -- ҶАВОНОН ХИЛОФИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ЗИДДИИНСОНИЕМ!

ВОКУНИШ. Бесарусомониҳои рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдода ягон тоҷики дохилу бурунмарзиро бетавофут гузошта наметавонад. Дар ҳоле, ки ҳодиса дар дохили Тоҷикистон баамал омадааст. Дар тинҷиву оромии  Ватани азизу маҳбуби мо тоҷикон нақши ҷавонон бениҳоят  бузург аст.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ-ҲИСОБОТӢ ДОИР ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ориёнбонк" маҷлиси ҷамъбастӣ барои соли 2021 баргузор гардид.

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"-и шаҳр бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

БАДАХШОН - ҲАРГИЗ ҶОНИБДОРИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ НЕСТАНД

ВОКУНИШ. Мардуми сарбаланди Бадахшон, сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муроҷиат намуда, амалҳои навбатии душманони миллатро, ки дастовардҳои ҷумҳуриро нотавонбинӣ намуда,  мехоҳанд дигарбора ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги байниҳамдигари барангезанд, маҳкум мекунем.

ТАТБИҚИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

ЁВОН. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Олии маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ аз рафти зимистонгузаронӣ ва ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 боздид намуданд.

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

ЁВОН. Бо мақсади татбиқ намудани сиёсати инсонпарварона ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 Бобизода Гулшан аз ҳисоби маблағгузории кумитаи волидайн ба ятимон ва хонандагони аз оилаҳои камбизоат сару либоси зимистона тақдим карда шуд.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ЁВОН. Бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии “Бӯстон-1” –и деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова маҷлиси ҷамъбастӣ доир карда шуд.

АККОСИ САГОНИ ДАЙДУ БА СӮЙИ МОҲТОБ

ВОКУНИШ. Пайравони ПМТ, мисли ҳамон сагоне ҳастанд, ки шабони тор ба сӯи моҳтоб аккос мезананду лек ба худ чорае надоранд, зеро ирода ва ҷисми пӯсидаи онҳоро хоҷагонашон идора мекунанду худ зиндае ба ҷои мурдаҳоянд.

АЗ ПАШША ФИЛ НАСОЗЕД!

ВОКУНИШ.  Новобаста аз таъсири бемории сироятии короновирус COVID-19, ки сокинони  сайёраро  ба таҳлука афтонид ва буҳрони иқтисодие, ки баъди хуруҷи ин беморӣ ба вуҷуд омад, корхонаҳои калон барои паҳн нашудани ин бемории сироятӣ кормандони худро дар муддати  тӯлонӣ аз кор озод намуданд, заводу фабрикҳо аз кор монданд  ва ин ҳама ба паст шудани сатҳи соҳаи иқтисодӣ ва баланд шудани нархи маҳсулотҳоро қариб, ки дар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg