АНДЕША. Санаи 21 декабри соли 2021, Паёми навбатии Пешвои миллат дар “Кохи Сомон” баргузор гардид. Пешвои миллат сараввал аз дастовардҳои соли 2020 – 2021, ки дар доираи эълон гардидани солҳои рушди маҳал бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада, миннатдории зиёдашонро иброз намуда, ба соҳибкорону ҳашарчиёни мамлакат сипосгузорӣ намуданд. Пешвои миллат зимни изҳори миннатдорӣ қайд карданд, ки чунин пешравиҳоро дар 70 соли давраи Шӯравӣ ноил нашуда будем. Дараҷаи некӯаҳволии мардум дар маҳаллаҳои аҳолинишин беҳтар шуда, шароити инфросохтор дар маҳал марҳила ба марҳила баланд бардошта шуд.
Фарқияти Паёми навбатӣ аз солҳои пешин дар он буд, ки дарПаёми навбатӣ оид ба дастовардҳои самтҳои кишоварзию саноатикунонӣ ёдрас шуда, барои боз ҳам зудтар расидан ба ҳадафи навбатии худ саноатикунонии босуръати кишварро то солҳои 30 – юми асри ХХ1 дар мадди назар гузошта, ҳамзамон барои ноил шудан ба ҳадафи навбатии саноатикунонии босуръати кишвар марҳилаи аввал то 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026 амалӣ карда шавад.
Дар Паёми навбатӣ нисбати реформа дар соҳаи маориф эълон намуда, ба масъулон ҷиҳати амалисозии он супориш дода шуд, ки дар муддати се моҳ барномаи амалисозии реформаи соҳаи маорифро пешниҳод намоянд. Мақсади ин барнома аз он мебошад, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии олию миёна ва томактабӣ баланд бардошта шавад. Ҳамзамон нисбати баланд бардоштани манзалати занон ва марҳила ба марҳила баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ҷумҳурӣ 30% кормандон аз ҳисоби занон ва дар корҳои роҳбарикунанда 25 % аз ҳисоби занон таъин карда шавад, зеро, ки тарбияткунандаи ҷомеа зан мебошад. Нафақаи беморони гурӯҳи 1 ва бепарасторон накамтар аз 600 сомонӣ таъин карда шавад.
Нафаққапулии шаҳрвандон дар дораи 600 сомонӣ ҳаққи ақал муқаррар карда шавад. Аз 01.07.2022, тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷавӣ 20% баланд бардошта шуда, хизматчиёнӣ давлатӣ 25% баланд бардошта шавад. Дар Паёми навбатӣ нисбати соҳаи тандурустӣ, ҷавонон, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, парандапарварӣ, сохтмон, саноат, хоҷагии қишлоқ низ супоришу тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар охир ба ҳамаи ҷавонон, табақаҳои ҷомеа таъкид намуданд, ки ҳаргиз ба давлату миллат ва Ватани худ хиёнат накунанду содиқона бо дасту дили пок баҳри ояндаи миллати хеш ҳиссагузор бошанд.
КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Авғон, раиси Кумити иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара