АНДЕША. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21.12.2021 дар Кохи Сомон ироа гардид, давоми мантиқии фаъолияти давлатдории навин, роҳҳои бемайлони рушди иқтисодии кишварро дарбар гирифта, дар як вақт тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии мамлакат тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳлили воқеӣ ёфтанд.
Хосатан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир овардани мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ноамнию бенизомӣ дар мамлакат ва саҳми арзандаи иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар масъалаи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар мамлакат ва муайян намудани роҳҳои минбаъдаи давлатдорию қабули рамзҳои давлатӣ дар масири шинохти давлату миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар ҳар як шахси ватандӯсту миллатдӯстро водор месозад, ки дар масъалаи рушди минбаъдаи ҳама соҳаҳои афзалиятнок, суботу оромӣ дар ҷомеа ҳамвора меҳнату заҳмат намояд. Воқеан, ба ҳам овардани тамоми мардуми Тоҷикистон дар он рӯзҳои ҳассос кори саҳлу сода набуд. Вақт муайян кард, ки мардуми Тоҷикистон бо назардошти эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангию миллӣ, таҳаммулгароию якдилӣ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ба нишондодҳои назаррас ноил шуданд.
Яке аз нуқтаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ироа гардид, ин эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди соҳаи саноат» дар мамлакат маҳсуб меёбад, ки ин омил бобати татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ва таъмини бозори истеъмолии дохилию хориҷӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, ҳамчунин ба зиёд гардидани сатҳи даромадҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Махсусан аз ҷониби Пешвои миллат ба мадди назар гирифтани мушкилоти соҳаи маориф ва вобаста ба пешрафти ҷомеа таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, худтакмилдиҳии омӯзгорон масъалаи хеле саривақтӣ буда, ин имкон медиҳад, ки дар оянда сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар ба маротиб боло бурда шавад. Воқеан, касби омӯзгорӣ касби хеле ифтихорию пуршараф аст, зеро омӯзгор дар баробари волидайн инсон тарбия мекунад. Ояндаи насли наврас аз фаъолияти ҳирфаии омӯзгорони асил вобастагии зич дорад. Ҷаҳони илму дониш, дарки воқеият ва ояндабинии насли ҷавони мо маҳз бо шарофати заҳматҳои устодон рӯи кор меояд, ки дар оянда ба ин масъала, бахусус қабули барномаҳои фаннию давлатӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори соҳавӣ бояд эъибори лозимӣ дода шавад.
Ҳамчунин масъалаҳои ҷавонону кор бо занон ва саҳми онҳо дар рушди давлатдории навин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуда, ин қишри ҷомеа ҳамчун ояндаи давлату миллат, нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат маънидод гардид. Тайи солҳои 2011-2020 дар кишвар қариб 3000 иншооти варзишӣ сохта шуда ҳамчун дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ дар хизмати ҷавонону наврасон қарор доранд.
Саҳми соҳибкорони ватандӯст дар таҷлили сазовори 30-солагии Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас арзёбӣ гардида, бахусус дар сохтмони иншоотҳои варзишӣ, ки 23 фоизи шумораи умумии сохтмонҳои ҷашниро дарбар мегиранд, ба соҳибкорону дигар шахсони саховатпеша аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шуд. Дар ин росто таъкид гардид, ки дар баробари тамрини бадан насли ҷавон бояд дорои донишҳои мукаммали замонавӣ бошанд. Барои ҳамқадами замона будану рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи асосии шарафёб гардидани насли ҷавон ба муваффақияту комёбиҳо мебошад. Бесаводию хурофот ва ҷаҳолату зоҳирпарастӣ ба зарари ҷомеаю миллат ва ояндаи давлати ҷавони мо хоҳад буд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ироа гардид, ки бо назардошти пешрафти илму техника ба масъалаи омӯзиши на кам аз ду забони хориҷӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон, ки ояндаи миллат аз сатҳи ҷаҳонбинию донишмандии онҳо вобаста аст, бояд дар оянда эътибори зарурӣ дода шавад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои даромадҳои давлатӣ, зиёд намудани андозаи музди меҳнати кормандони касбу кори гуногун, рушди соҳаи энергетика, роҳсозию татбиқи барномаҳои давлатӣ дар масири ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилаи байнидавлатӣ вобаста ба гардиши молу маҳсулот ва идомаи ҳамкориҳои густурда дар доираи сиёсати «дарҳои боз», мусоидат ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, авзои сиёсии ҳамсоякишвари Афѓонистон ва роҳҳои ба созиш омадани гурӯҳҳои даргир, ҳамчунин расонидани кӯмакҳои моддӣ ба мардуми ҷангзадаи ин кишвар, роҳҳои афзалиятноки рушди соҳаи фарҳангу хизматрасонии сифатноки соҳаи тиб, нуқтаҳои муҳим ироа гардида, бори дигар эҳсос мешавад, ки Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири рушди давлатдории навин бо назардошти татбиқи раванди демократикунонии ҷомеа ва мусоидат ба рушди бемайлони хоҷагии халқи мамлакат гомҳои устувор гузошта истодааст.
Умуман аз Паём то Паём сатҳу сифати зиндагии мардум, дастгирии давлатӣ ва заминаҳои устувори давлатдории милламон дар доираи тадбирандешии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурзуртару пешрафтатар мегарданд ва умед дорем, ки дар оянда низ мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо дарки масъулият дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи роҳбари хирадманди худ сарҷамъу муттаҳид гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин саҳми арзанди худро мегузоранд.
Т.Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин