
ДӮСТӢ. Бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" Н. Нурмуҳамадзода дар арафаи Соли нави милодӣ ба як оилаи ниёзманди ҷомеа Абдулҳаева Гулнора сокини деҳаи Найсони ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён шахси ниёзманд руҳбаланд гардида, миннатдории худро ба нафарони ташкилкунанда изҳор дошт.