АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳадаф, мақсаду мароми Оинномавӣ ва Барномавиаш, воқеан оинаи поку беғубор ва пуртаҷаллои дирӯзу имрӯз ва фардои Тоҷикистони азиз, замини аҷдодони бузургу фарзандони некном аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ мақоми зан – модарро хеле баланд эътироз намуданд. Нақш ва мақоми зан – модар дар ҳама давру замон дар ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, тарбиятгари насли оянда ва низомбахши рӯзгор мебошад.
Воқеан дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо дастгирии Сарвари давлат майдони фаъолияти занон хеле васеъ шудааст, ки ин боиси хушнудии мо ҷавондухтарон мебошад. Ғамхории пайвастаи Президенти кишвар, амру фармонҳо, таҳияи барномаҳои миллию давлатӣ, квотаҳо барои дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил намудани мо духтарони деҳот аз хислатҳои дурбинонаю хирадмандонаи ҷаҳонмарди асил аст, ки имрӯз мо ҷавондухтарон дар чунин даврони ободу зебо сарбаландона кору фаъолият намуда истодаем. Занон ҳамеша чун чашмаи зоянда ва давомбахши насли оянда бо нерӯи созанда ва ҷавҳари ҷомеа буданду ҳастанд ва хоҳанд монд.
Абдувализода Шукрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Панҷ