БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ- ИФОДАКУНАНДАИ НЕРӮИ ЗАНОН АСТ

АНДЕША. Занону модарони ноҳияи Ёвон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва Ваҳдати ҷовидонаи миллат, осоиштагиву  сулҳу салоҳ шукронаи сиёсати дурнамову хирадмандонаи Пешвои миллат Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мароми зиёд тамошо намуда, аз дастгириҳои навбатӣ ва суханҳои отифасолори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифтанд.  Зеро, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо хирадмандиву заковати қавии занони Тоҷикистониро  истилоҳи сулҳу амният ва ваҳдату ривоъ арзиштарину беҳтарин ганҷина арзёбӣ менамоянд.

Мусаллам аст, ки нуқтаи бисёр муҳим дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем.

Барои ғамхорӣ ва дастгирии ҷавондухтарону занони кишвар маҳз дар Паёми тақдирсози нави миллат сидқан ва самимона миннатдории занони ноҳияи Ёвонро ба Пешвои миллат иброз медорем.

Зеро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунанд ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон додаанд. Имрӯз мактаби захираҳои кадрӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Аз ҷумла дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки  нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад.Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Мо занону бонувони кишвар дар заминаи ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муайян гардидаанд ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамеша саҳмгузор хоҳем буд. Озодӣ, сулҳу осоиштагӣ, амният ин вожаҳои муқаддас барои миллати тоҷик аст ва эҳтиёт кардани он, ба қадраш расидан масъулияти ҳар як ҳамватан бошад ҳам, мо занон  даҳчанд вазифадорем.

Саёҳат Абдуллозод,  узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg