БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚӢ, ҲИЗБИ ПИРӮЗУ ПЕШОҲАНГ

АНДЕША.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳамчун ҳизби зодаи истиқлол ва ҳизби ормонҳои чандинасраи халқи тоҷик мебошад. Тавре зикр намудем, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таърихи дуру дарози талошҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани худшиносӣ ва соҳибистиқлолии хеш арзи вуҷуд кард ва имрӯз ҳазорҳо фарзандони содиқи Ватан шомили он мебошад. Пӯшида нест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳод ва роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар рӯзҳои хеле сангин, ки дар кишвар ҷаҳолату хушунат пирӯз буд, ба саҳнаи сиёсат омад. Ҳизби мо беҳтарини арзишҳои башарӣ ва миллиро фаро гирифтааст. Мо аз он фахр мекунем, ки аъзои ҳизб мебошем ва вазифаҳои ҷонии худ медонем, ки амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва миллии ҷумҳурӣ, ки ҷавҳари барномаи ҳизбро ташкил мекунад, бо тамоми қувва, донишу таҷрибаи худ саҳм мегузорем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва дар асоси ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 – декабри соли 1994 таъсис ёфт.

Бояд гуфт, ки дар давоми 27 – соли фаъолияти хеш Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафту ободонии кишвар, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар ҳама  соҳаҳои хоҷагии халқ роҳи пуршараферо тай карда, имрӯзҳо ба як нерӯи писандидаи сиёсии кишвар табдил ёфтааст. Ҳар як узви ҳизби мо худро аъзои комилҳуқуқи як нерӯи бузург эҳсос мекунад, ки масъулияти созандагию бунёдкориро ба душ гирифтааст.

Бо ифтихор метавон зикр кард, ки 27 – соли талошу муборизаҳо баҳри таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ, 27 – соли созандагиву бунёдкорӣ, 27 – соли қадамҳои устувор ба хотири рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум, 27 – соли ҳамсафиву ҳамраъйӣ мебошад.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани мақсадҳоямон дар таҳкими ҳамраъйи ҳизбӣ бо қувваи дучанд заҳмат кашида, барои наслҳои оянда қарзи виҷдониву инсонӣ ва ватандӯстиро мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем.  Имрӯз ҳар фарди ватандӯст ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, Ватан ва мардуми азияткашидаи моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода, Ватанамонро обод, истиқлолиятамон пойдор, ваҳдатамон комил ва давлатамонро мустаҳакам гардонид. Албатта ин ҳама ба осонӣ ба даст наомад. Ҳар як узви ҳизби мо бояд ба ҳадафҳои пешгирифтаи он эътимоди қавӣ дошта, дар ҳама ҳолат ба кори ҳизб содиқу устувор бошад. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеъи мустаҳакам дорад ва мо бояд ин дастовардҳоро ҳифз намуда, фаъолияти худро густурда ба роҳ монем, ба арзишҳои давлати демократӣ ва миллӣ арҷ гузорем.

Аъзои ҳизб ҳамеша дар сафи пеши фаъолият ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва пешрафту тараққиёт қарор доранд, ки обрӯи онро дар миёни мардум боз ҳам афзун мегардонад. Сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун нури дурахшону нерӯбахшандаи офтобест, ки ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон нурпошӣ менамояд.

Хулоса, ҳизби мо ҳизби мардумӣ аст, зеро мудом бо мардум аст. Пас, моро месазад, ки сазовори номи баланди узви  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошем, то номи неки онро дар арсаи сиёсии кишвар болотар бибарем.  

Воҳид  Дилафрӯз  Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg