![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20211207_085721.jpg?itok=U7fldwGs)
ШАҲРИТУС. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи “Талбак Садриддинов” маҷлиси ҷамъбастӣ ва вобаста ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷлис, оид ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон идеяи ташкил намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шуд, андешаронӣ карда, ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда табрику шодбош гуфтанд. Инчунин, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 шунгитда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид ва ваҳифаҳо барои давраи оянда тасдиқ карда шуданд.