ДӮСТӢ. Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки "20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҷлиси ҷамбастии ташкилот гузаронида шуд.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдуллоев Р, оид ба фаъолияташ дар соли 2021 ба иштирокдорон ҳисобот дода, қайд кард, ки меҳнаткашони ташкилоти ибтидоии мазкур соли 2021-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, ҳамаи он нақшаву дурнамое, ки ба зиммаашон гузошта шуда буд, сарбаландона иҷро карданд.
Инчунин, вобаста ба самаранок истифода бурдани замин, ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ибрози андеша карда шуда, ҳамагон таъкид гардиданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ дар оянда боз ҳам фаъол бошанд.