БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИЗБИ МАРДУМӢ

Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз замони таъсис то ба имрўз пайваста фаъолияташро зери унвони хизмати содиқона намудан ба халқу давлат равона сохта, аз нерўи бузурги фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати маънавии аъзоёнаш самаранок истифода менамояд. То ки онро дар раванди расидан ба истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инчунин дар рушди бемайлони мамлакат оқилона сафарбар намояду ба натиҷаҳои баландтар ноил гардад.

Мо имрўзҳо мушоҳида намуда истодаем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанг аз дифои рисолати вазифаҳои дар пеш гузоштаи худ сарбаландона баромада, дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, аз манфиатҳои мардуми кишвар сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, муносибат ба дину мазҳаб моҳирона ҳимоя намуда истодааст. Чунин дастовардҳо барои мо аъзоёну пайравони асили муассиси ҳизби мардумсолор мояи ифтихору сарфарозист.

Маврид  ба  зикр аст, ки аз даврони аввали соҳибистиқлолии мамлакат  то ба имрўз Ҳукумати мамлакат дар асоси барномаи дурнамои Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон фаъолият намуда, то ба ин натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст.  Рўз то рўз сафи ҳизб аз ҳисоби ватандӯстону меҳанпарварон зиёд гардида, дар рушди бемайлони самтҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии мо саҳм гузошта истодаанд.

Ҳизбиёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар партави сиёсати инсонпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат, алалхусус Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор намуда, мақсаду мароми аслии ҳизбро дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ намуда истодаанд. Фаъолияти пурсамари кормандони масъули ҳизбӣ  ва ҳизбиёни ноҳия буд, ки  дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то имрўз аъзои ҳизб ба беш аз 3000 нафар расида, рўз то рўз талабгорону хоҳишмандони аъзошавандагон меафзояд.

Ҳизбиёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз замони таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ  то ба имрўз зери унвони «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!» фаъолият намуда, аз уҳдаи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла супоришҳои Раиси муаззами ҳизбу давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона баромада истодааст.

Яке аз рисолатҳои меҳварии ҳизбӣ ин сафарбар намудани сокинон ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу нигаҳдории сулҳу суботи сартосарӣ ба шумор меравад, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо ташкилотҳои ҳизбию давлатӣ сарбаландона ин пайроҳаҳоро пушти сар намуда истодаанд.

Зери сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз садҳо иншоотҳои бо тарҳи замонавии шахсиву давлатӣ дар ҳудуди ноҳия қомат афрохтаанд, ки ба зебогии як гӯшаи диёр ҳусну таровате зам намудаанд. Маркази ноҳия ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.

Мо ҳизбиёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сиёсати Роҳбарияти Олии мамлакатро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ менамоем ва кӯшиш менамоем, ки зери ин сиёсат ба натиҷаҳои баландтар дар якҷоягӣ ноил гардем.

Неъматов Абдуҷаббор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg