ПАНҶ. Бахшида ба 27 – умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфуддин, суҳбату вохӯрӣ бо волидайн ва ҷавонон, баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва доир ба дастгириҳои давлату ҳукумат аз пешниҳоду ташаббусҳои ҷавонон ёдрас шуда, қайд карданд, ки ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию созандагӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию ҷамъиятӣ вазифаи ҳар яки мо мебошад. Инчунин, оид ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ ва шуҷоатмандӣ ба ҳисоб меравад ва қарзи ҳар як ҷавонмард аст, ки дар назди Ватан –Модар қарзи фарзандиашро адо намояд.
Дар бораи иҷрои талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва ғайра изҳори ақида намуданд.