БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН РИСОЛАТИ СОЗАНДАГӢ ДОРАНД

АНДЕША. Нуқтаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва коғаз нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем.

Барои ғамхорӣ ва дастгирии ҷавондухтарону занони кишвар маҳз тавассути ҳизб сидқан ва самимона миннатдории занони ноҳияи Ёвонро ба  Пешвои миллат иброз медорем.

Зеро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунанд ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон доданд. Имрӯз мактаби захираҳои ҳизбӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби амал буданашро исбот намудааст.

Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон ҳамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷоноби Пешвои миллат муаайян гардидаанд ва амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша саҳмгузор мебошанд. Тамоми дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоииҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саодати миллат, пешрафти Ватан, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлат нигаронида шудаанд.

Озодӣ, сулҳу осоиштагӣ, амният ин вожаҳои муқаддас барои миллати тоҷик аст ва эҳтиёт кардани он, ба қадраш расидан масъулияти ҳар як ҳамватан бошад ҳам, мо ҳизбиён  даҳчанд вазифадорем.

Бо масъулияти баланди ҳизбӣ иброз менамоям, ки барои рушди босуботи соҳаҳои мамлакат, ҳифзи дастовардҳои нодири он - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ насли наврасро дар рўҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дар ивази ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони лоиқи замонро ба ҷодаи зиндагӣ ҳидоят менамоем.

Абдуллозода Саёҳат,  узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg