БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ МАРДУМӢ ВА ПУРНУФУЗ

АНДЕША. Санаи 10-уми декабри 2021 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ- сиёсӣ буда, фаъолияташро барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона намудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзоёни худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.

Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат намуда, дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад. Махсусан, ба нерӯи занону ҷавонон такя карда, ба кору фаъолияти диққати махсус медиҳад ва ин аст, ки сол то сол сафҳои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ва умедбахш меафзояд.
 Нақши ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ ва ғайра хеле калон мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти бузурги сиёсӣ мактаби омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда буда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ фаъолияти густурда доранд.

Дар тӯли 27-соли фаъолияти худ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ниҳоди сиёсии пурнуфуз табдил ёфта, тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар сафҳои худ муттаҳид намудааст ва бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо фаъолият намуда истодааст.

Ҳар як аъзои Ҳизбро зарур аст, ки кору фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ба роҳ монда, нерӯи худро барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб равона намоянд ва  содиқонаву софдилона меҳнати пурсамару созанда дошта бошанд.        

 Шомалангова Миҷгона, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg