ПАНҶ. Дар якҷоягӣ бо иштироки аъзои ҳизб ва фаъолони ноҳия баҳри тозаю озода намудани атрофи ташкилоту идораҳо Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии маҳал мароми мост!” доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки шанбегии мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва кормандони фаъоли ташкилоту муассисаҳо баргузор гардида, гирду атрофи роҳи марказии шаҳрак, атрофи идораҳои давлатӣ тоза карда шуда, бехи дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз нарм карда шудаанд.