БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

"АМОНАТБОНК" БОНКИ МАСЪУЛИЯТШИНОС АСТ!

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк"-и ноҳияи Дӯстӣ  маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 доир гардид.   

Зимнан,  раиси ташкилоти ибтидоии "Амонатбонк" Саидов М  вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои ҳизбӣ ҳисобот дода, нақшаи кории ташкилоти ибтидоиро барои соли 2022 тасдиқ намуд.     

Дар рафти маҷлиси ҳизбӣ  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов Абӯбакр вобаста ба  фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои давраи оянда, сифати хизматрасонии ташкилот ба мизоҷон, пурра таъмин намудани мизоҷон бо кортҳои пластикӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон суханронӣ намуда, тавсия дод, ки хизматрасонии нуқтаҳои интиқоли маблағ ва банкоматҳоро дар арафаи пеш аз оғози соли нав хубтар ба роҳ монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg