ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк"-и ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 доир гардид.
Зимнан, раиси ташкилоти ибтидоии "Амонатбонк" Саидов М вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои ҳизбӣ ҳисобот дода, нақшаи кории ташкилоти ибтидоиро барои соли 2022 тасдиқ намуд.
Дар рафти маҷлиси ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов Абӯбакр вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои давраи оянда, сифати хизматрасонии ташкилот ба мизоҷон, пурра таъмин намудани мизоҷон бо кортҳои пластикӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон суханронӣ намуда, тавсия дод, ки хизматрасонии нуқтаҳои интиқоли маблағ ва банкоматҳоро дар арафаи пеш аз оғози соли нав хубтар ба роҳ монанд.