АНДЕША. Воқеан, дар ахтари хаёли созандаи Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои бешумори сиёсиву фарҳангӣ тавлид гаштаву Тоҷикистони азизро чун uаввоси хазинаи зарҳалини тамаддуни ориёӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтааст.
Тавлиди идеяи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ, як ҷузъи хаёли созандаи Раиси муаззами ҲХДТ аст, ки мо имрeз дар фазои сулҳу ваҳдат 27-умин солгарди онро ҷашн гирифтем.
Дар остонаи 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ беихтиёр дар ёду хотираҳо, даврони сангини пур аз мушкилоту муаммоҳои сарпечидаи солҳои 1992-1993 -юми асри ХХ рӯйгардон мешавад.
Сукути шӯравии абарқудрат, дастёбӣ ба ормони ҳазорсола- истиқлолияти миллӣ, рeйи саҳна омадани ашхосу гурeҳҳои мансабталошу манфиатҷeй ва ниҳоят бо дахолати бегонагон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон.
Маҳз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба муроди он бархост, ки мардуми парокандаи Тоҷикистонро аз нав ҷамъ созад, дар кишвари валангоргардидаи мо аз нав сулҳу ваҳдатро таъмин намояд, дар замири ҳар як тоҷикистонӣ тухми умеду бавариро сабзонад.
Раванди минбаъдаи ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намуд, ки ҲХДТ ҳизби ифодагари ормонҳои халқ аст. Мо шоҳиди онем, ки таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ-Тоҷикистони дар гирдоби кашмокашиҳои дохилӣ қарор дошта, ба соҳили мурод расид. Тай кардани ин марҳилаи сангин осон набуд ва паси сар кардани он маънии амалӣ гаштани нақшаҳои наздиктарини ҳизбро дошт.
Ин дастоварди бузург, дигаргуниҳои куллиро дар шуури ҷомеа, хосса ҷавонон ба вуҷуд овард. Ба ҳамин маънӣ ҲХДТ тавонист мавқеъ ва обрeи устуворро дар миёни Тоҷикистони ҷавон соҳиб шавад.
Дастовардҳои имрeзаи ҳизби мо натиҷаи талошу мубориза дар он замонаи мураккабу мушкил аст.
Имрӯз ҲХДТ тавониста истодааст, ки рисолати аслии худро, ки аз замири созандаи ҷавонони саодатманди диёр маншаъ мегирад, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ адо намояд. Миллати тоҷик дар давраи навини давлатдории худ бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, бо талошҳои фидокоронаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукнҳои бунёдии истиқлолияти давлатиро побарҷо намуд, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва имрӯз дар роҳи пешрафту тараққӣ қарор дорад.
Истиқлолияти давлатӣ барои фаъолияти озодонаи шаҳрвандон заминаи созгор фароҳам овард. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ҳуқуқ доранд озодона фаъолияти сиёсӣ намоянд. Шаклҳои асосии иштироки мардум дар ҳаёти сиёсӣ тариқи аъзо шудан ба ҳизби сиёсӣ ва иштирок дар интихоботҳо амалӣ карда мешаванд.
Дар ҳама давру замон ҳизбҳо ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ба раванди ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас доранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар айёми ҷанги дохилии кишвар таъсис ёфта, аз рӯзи аввали ба майдони сиёсӣ ворид гаштанаш бо такя ба қудрати зеҳнӣ ва масъулиятшиносии аъзои худ дар раванди созандагиву бунёдкории ҷомеа нақши бориз гузошта омада истодааст.
Ҳамин аст, ки мардуми кишвар дар симои Роҳбари ҳизб- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пешгирифтаи ин ҳизбро ҷонибдорӣ карда, бо узвияти худ қудрати рӯзафзуни онро таъмин менамоянд.
Ҷашни 27-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, узви КИМ ҲХДТ