АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳадафи ҳимояи манфиатҳои халқ, таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таъсис ёфта буд. Дар давраи фаъолияти пурсамари хеш барои саодати халқ ва ободии Ватан саъй дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сарварии онро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, тавонист, ки ҷомеаи ҷангзадаи моро дар як муддати кӯтоҳ ба ифоқа биёрад, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистонро таъмин намояд ва соҳиби обрӯю нуфузи зиёд гардад.
Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизбест, роҳнамо ба сӯи ояндаи нек. Вақте, ки ҳизб манфиатҳои тамоми табақаҳои гуногуни ҷомеаро ҳимоя карда метавонад, дар он ҷамъият ором мешаваду ваҳдату ягонагӣ. Ҳизби мо ҳамингуна ҳизб аст, зеро ҳадафҳои онро беш аз пеш одамон мепазиранд ва ба он мепайванданд. Чи тавре Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояш иброз медоранд: «Эътимоди қавӣ дорам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иқдомҳои нави созанда ва барномаҳои воқеии худ мардуми кишварро ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо чун ҳарвақта муттаҳиду сафарбар менамояд.» Пас мебояд бо боварӣ гуфт « Мо аъзои ин ҳизби пешсаф, сиёсати оқилонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамҷониба дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ кардани барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми босазои худро хоҳем гузошт.
Маҳмадсафарзода М., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Панҷ