БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

19 Феврал 2021

ДЕҲААМОНРО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Марғоби Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марғоб” Аюбов Зоҳир дар доираи Аксияи ҳизбии “Кабудизоркунии маҳал” бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҳизб корҳои кабудизоркунӣ  гузаронида шуд.

ОБОДОНИВУ ХУРРАМГАРДОНӢ ҲАДАФИ АСЛИИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маҳаллаи Ваҳдати Ҷамоати шаҳраки Москва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ  корҳои ободониву созандагӣ  ва сабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр роҳандози гардид.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОВУ РОҲКУШОИ МО ҶАВОНОН АСТ

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  ва ҷадвали хонишҳои сисёсии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Презид

ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ намоиши ҳунарҳои дастии занон баргузор гардид. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ занону ҷавонон ҳунарҳои худро аз қабили гулу гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, мӯҳрабофӣ, кокулбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон ба маъраз гузоштанд.

ПАЁМ – ДАСТУРАМАЛИ КОРИИ ҲАРРӮЗАИ МО

ҶАЙҲУН. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайхун  оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Озодӣ”, “Хайробод” ва “Ҳ. Шерозӣ” дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ сурат гирифт.

СОЛИМИИ МИЛЛАТ БОИГАРИИ ДАВЛАТ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии паҳншавии пандемияи  COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.

ХАТАРҲО ВА ОҚИБАТҲОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР

АНДЕША. Таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи  27.06.2018 дар ноҳияи Конибодоми  вилояти Суғд: “...хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард.

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ЧАНД НУКТАИ ПАЁМИ ИМСОЛАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як даврае ироа гардид, ки тамоми мардуми шарифи кишвар ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани санаи муҳиму воқеан таърихии миллӣ, 30 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

ПАЁМ РОҲНАМО ВА РОҲКУШОИ МОСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби Ширин”-и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо  гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Зуҳрои Маҳмадсаид ва  Сайдализода Фаррух, инчунин намояндагони Ҷамоати деҳоти Кангурт оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Д

ПАЁМИ ИЛҲОМБАХШ ДАР РОҲИ ДАРЁФТИ САОДАТМАНДӢ ДАР ҲАЁТ

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардид, метавон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ - конститутсионӣ фарогири тамоми соҳаҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ арзёбӣ намуд.

САРБОЗОН МУҲОФИЗОНИ ШУҶОИ ВАТАНАНД

АНДЕША. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали замони соҳибистиқлолии давлатамон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд.

МО БОЯД ҲАМЕША ОМОДАИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БОШЕМ

АНДЕША. Вазъияти  тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки  ба масъалаи таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани гирду атрофи ташкилоти ибтидоии ҳизби «Варзишгоҳ» ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ПАНҶ.  Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон» бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқот  доир гардид.

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ПАНҶ.  Бо ташаббуси кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар боғи фарҳангии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

ИНТИХОБКУНАНДАГОН АЗ МУЛОҚОТИ НОМЗАД ҒИЗОИ МАЪНАВӢ ГИРИФТАНД

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, дар  деҳаи Кибил оид ба  пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз Ҳизби Халқии Дем

МИЛЛАТИ ТОҶИК МИЛЛАТИ ФАРҲАНГИВУ ТАМАДДУНСОЗ ВА ОБОДКОРУ СОЗАНДА АСТ

НОРАК. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди минтақаи манзилии №2-и шаҳр, дар Деҳаи Лангар, оид ба  пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон шарҳу тавзеҳи Па

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  истиқоматкунандагони  кӯчаи  ба номи С.Назарови ҷамоати шаҳраки Муъминобод баргузор гардид.

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ-ҲАРБИИ "ВАТАНПАРВАР" БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

КӮШОНИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 1-и  ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ бо мақсади  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни  хонандагони муассисаҳои таълимии рақами 1, 20 ва 68 ноҳия мусобиқаи варзишӣ-ҳарбӣ таҳти унвони  "Ватанпарвар" баргузор гардид.  

АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

КӮШОНИЁН. Дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи  ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ”  баргузор гардид.

НАСБИ СИМЧӮБҲОИ РАВШАННАМОӢ ДАР МАҲАЛ

КӮШОНИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Зарг

МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА АЗ ПАЁМ САРЧАШМА МЕГИРАД

ВОСЕЪ. Бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии «Султони Кабир»-и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъ намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи мазкур бо кормандон вохӯрӣ баргузор карданд.

ПАЁМ БА ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОН НЕРУИ ХОСА БАХШИД

ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо кишоварзон ва хоҷагидорони  ноҳияи Восеъ дар Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрӣ доир гар

ПАЁМ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА МУСОИДАТ НАМУД

КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи ба номи Малик Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориён суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

СОКИНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБ РАҲНАМОӢ ГАРДИДАНД

КӮШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Ибни Сино” оид ба баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат мулоқот баргузор карданд. 

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ

АНДЕША.  Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд.

ҶАВОНОН - НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТ

БОХТАР. Дар толори Қасри фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Ғафурзода Музаффар, Асадуллозода Ватаншо, Зувайдуллоева Фароғат, вакили Маҷлиси вакилон халқи шаҳри Бохтар Нурализода Наргис бо донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ оид ба шарҳу тавзеҳи  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ  доир га

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМ ВА АМНИЯТИ КИШВАР ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

АНДЕША. Дар ҷаҳони муосир бо мақсади пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат давлатҳои хурдро зери мустамликаи худ қарор медиҳанду сарвати онро ба манфиати худ истифода мебаранд. Хонанда худ дарк менамояд, ки дар зарфи даҳ соли охир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чи рӯйдодҳо ба амал омад. Бештари давлатҳои абарқудрат бо пешниҳоди дигар режим гӯё, ки дар он сабукӣ ба ҳар як нафар дода мешавад, табаддулотро ба вуҷуд меоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg