БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ЧАНД НУКТАИ ПАЁМИ ИМСОЛАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як даврае ироа гардид, ки тамоми мардуми шарифи кишвар ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани санаи муҳиму воқеан таърихии миллӣ, 30 -юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Дар заминаи сазовор истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сокинони ноҳияи Панҷ низ дар партави сиёсати хирадмандона, оқилона ва ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Чӣ тавре дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарор, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар ҷиҳат вазнин буд. Зеро дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад».

Нуктаи дигари Паём ин буд, ки имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Таъсири ин вабои аср ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонид.

Вале новобаста аз он ки пайомадҳои ин бемории сироятӣ тамоми сокинони сайёраро ба ташвиш овардаву ҷони миллионҳо нафарро аз байн бурда, ба иқтисодиёти миллӣ таъсири манфии худро расонид, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии ин вабои аср тамоми тадбирҳои зарурию саривақтиро амалӣ намуд.

Чӣ тавре дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, бо мақсади пешгирӣ аз хатар ва паҳншавии ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории Covid -19 беш аз 30 беморхона бо 7 ҳазор кат ва 5400 нафар табибон сафарбар гардиданд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, фаъолияти тамоми соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ боз ба як нуктаи асосӣ, яъне вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи яроқу аслиҳа, фаъолияти гурӯҳҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардааст, диққати ҳозиринро ҷалб намуданд.

Зеро пайравони созмонҳои экстремистиву террористӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш намуда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Дар робита бо ин гуфтаҳои Пешвои миллат ҳар яки мову Шумо падару модарон, фаъолон, вакилону раисони деҳаву маҳаллаҳо ва дар ниҳоят тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бомақсади пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу созмонҳои экстремистиву террористӣ ва дар руҳияи ватанхоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешем. Чунки фарзандони ояндаи мо ба насли калонсол танҳо дар доираи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ тарбия намудани онҳо баҳо хоҳанд дод.

Яке аз ҳадафҳои асосие, ки ҳамасола дар Паёмҳои худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа медоранд, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Ин нуктаро борҳо Сарвари давлат зимни баромаду суханрониҳои худ баён доштаанд.

Дар заминаи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баромаду суханрониҳои худ вобаста ба таъмини неруи барқ ба аҳолии кишвар баён медоранд санаи 30 июли соли 2020 муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 декабри соли равон бошад, муроҷиатномаи “Ширкати барқи тоҷик” ба аҳолии кишвар пешниҳод карда шуд.

Дар муроҷиатномаҳои мазкур истифодаи сарфакоронаву оқилона ва мақсадноки неруи барқи истифодашуда, сари вақт пардохт намудани маблағи барқи истифодагардида, роҳ  надодан ба талафот ва зиёдшавии қарзи маблағи неруи барқ, таъмини муштариён ба ҳисобкунакҳои барқӣ баён гардидаанд.

Бинобар ин ҳар як сокини кишвари азизамонро лозим аст, ки бо мақсади амалӣ намудани муроҷиатномаҳои мазкур ва бобати истифодаи сарфакоронаву оқилонаи неруи барқ тадбирҳои зарурию саривақтиро роҳандозӣ намоянд.

Итминони комил дорам, ки мардуми  шарафманди ноҳияи Панҷ низ нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ,  бо хислатҳои неку созандаи худ метавонанд чун дигар сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонанд иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ намуда, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаву босазои худро гузоранд.

Файзизода Каримҷон Нозил, узви  гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg