
КӮШОНИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Заргар насби 17 адад симчӯбҳои равшанидиҳанда ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия насби симчӯбҳои равшанидиҳанда ба нақша гирифта шудааст.