БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ намоиши ҳунарҳои дастии занон баргузор гардид. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ занону ҷавонон ҳунарҳои худро аз қабили гулу гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, мӯҳрабофӣ, кокулбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон ба маъраз гузоштанд.

Бо мақсади дарёфти ҳунарҳои беҳтарин  дар ноҳия озмунҳои  ноҳиявии “Бонуи ҳунарманд” ва “Кадбонуи беҳтарин”  баргузор намуданд. Бояд қайд кард, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун ҳунармандон кам набуда, пайваста кӯшиш менамоянд, ки тарғибгари ҳунарҳои мардумии Ватани азизамон бошанд.  

Ҳамчунин масъулини Кумиҷроия қайд намуданд, ки сохтмони маркази ҷамъиятии фурӯши маҳсулотҳои ҳунармандӣ дар деҳаву маҳал кори ҳунармандони ноҳияро осон намуда, онҳо метавонанд маҳсули дастранҷи худро дар ин гуна марказҳо ба фурӯш бароранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg