БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ПАНҶ.  Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон» бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқот  доир гардид. Зимни  вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан -Модар ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ  ва  қарзи шаҳрвандии ҷавонон, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳар як иштирокчиро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg