ҶАЙҲУН. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ҷадвали хонишҳои сисёсии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дастуру супоришҳо аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-27 январи соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ вохӯрию мулоқот баргузор гардид.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоимурод оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ намуданд.