
КӮШОНИЁН. Дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.
Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро сокинон бо хушнудӣ пазируфта, дар деҳаи худ ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.
Иштирокдорони корҳои ободонӣ дарахту ниҳолҳои гуногуни ороишиву сояафканро дар гирду атрофи оромгоҳ шинонида, ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд.
Ин ташаббус дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.