БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА АЗ ПАЁМ САРЧАШМА МЕГИРАД

ВОСЕЪ. Бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии «Султони Кабир»-и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъ намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи мазкур бо кормандон вохӯрӣ баргузор карданд.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ ба сухан баромада, оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат  суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад ва зиёд намудани шумораи корхонаҳо ва таъмин намудани занони бекор бо ҷои кори доимӣ аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон,  аз тарафи корманди ташкилоти ибтидоии номбурда қайд гардид, ки аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо занон миннатдорем, ба мо чунин шароитҳоро муҳайё карданд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо занон пайваста кӯшиш менамоем баҳри ободӣ, тинҷиву осудагии Ватанамон кору фаъолият намоем.

Бояд қайд намоем, ки  дар ин коргоҳи дӯзандагӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия тибқи шартнома либоси мактабӣ омода карда,  сари вақт дастрас карда мешаванд. Масъулини коргоҳ иброз доштанд, ки либосҳои истеҳсоли худӣ аз матоъу ашёи хушсифат омода шуда, нархи он нисбат ба бозорҳо арзонтар буда, харидорони зиёд дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg