БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК МИЛЛАТИ ФАРҲАНГИВУ ТАМАДДУНСОЗ ВА ОБОДКОРУ СОЗАНДА АСТ

НОРАК. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди минтақаи манзилии №2-и шаҳр, дар Деҳаи Лангар, оид ба  пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  ба сухан баромада, қайд намуд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.

Илова бар ин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум ду фоиз зиёд мебошад.

Сипас,  номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №10, раиси шаҳри Норак  Асозода Дилшод Алимурод зимни баромади худ қайд намуд, ки  Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 - сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот вобаста ба сарфакорона истифода намудани  неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда шуда, иштирокдорон ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg