БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМ ВА АМНИЯТИ КИШВАР ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

АНДЕША. Дар ҷаҳони муосир бо мақсади пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат давлатҳои хурдро зери мустамликаи худ қарор медиҳанду сарвати онро ба манфиати худ истифода мебаранд. Хонанда худ дарк менамояд, ки дар зарфи даҳ соли охир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чи рӯйдодҳо ба амал омад. Бештари давлатҳои абарқудрат бо пешниҳоди дигар режим гӯё, ки дар он сабукӣ ба ҳар як нафар дода мешавад, табаддулотро ба вуҷуд меоранд. Мувофиқи нақшаи таҳиянамудаашон аввал мардумро ба корпартоӣ, ҳамоиш даъват намуда, дар ин ҳолат лидерҳои худро пешбарӣ мекунанд.  Шаҳрвандон, ки охири табаддуллотро ба инобат намегиранд, сипас ба ғайр аз азобу ранҷ, фироқ ва ҳуҷҷумҳои террористон дигар чизеро намебинанд. Маҳз ин аст, оқибати нақшаи мустамликахоҳон. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ҳарф мезананд ва ба мардум мефаҳмонанд, ки давлатҳои ҷангзада дар чи аҳволанд. Доимо зимни ҳар як баромадашон таъкид менамоянд, ки кишвари моро касе аз берун омада обод намекунад, танҳо мо мардуми Тоҷикистон сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо менамоем. Дар ҳақиқат гуфтаҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки ин сарзамини биҳиштосои хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоему ҳар як ваҷаби замини онро ҳифз намоем. Масъулияти шаҳрвандии мо ҳимояи амният, озодӣ ва манфиатҳои миллист. Дар ҳаёти хеш мо бояд ба зуҳуроти номатлуб мисли коррупсия, ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки амнияти моро халалдор месозад, мубориза барему худро масъул шуморем. Масалан дар шабакаҳои иҷтимоии имрӯза гурӯҳи бадхоҳон тамоми фаъолияти давлатдории моро зери танқид қарор медиҳанду ба он кам нафарон вокуниш нишон намедиҳад. Ҳоло он, ки бештари шаҳрвандон медонанд, ки амният ва озодӣ дар давлатҳои хориҷ чи гуна ҳаст. Дар кишвари мо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амният ва озодӣ таъмин буда, бе мамоният гашту гузори ҳар як нафар кафолат дода мешавад.

Мо шаҳрвандон уҳдадорем, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодӣ, амният худро масъул шуморида, аз дидани нафарони шубҳанок, гурӯҳҳои бадхоҳони таблиғгар дарҳол бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлати ҳамкорӣ намоему сари вақт хабар диҳем. Шукронаи ҳар як лаҳзаи осудагиро ба ҷо овардан ва пос доштани он вазифаи ҷонии мо маҳсуб меёбад.

Мирзоев Сафаралӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg