БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБ РАҲНАМОӢ ГАРДИДАНД

КӮШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Ибни Сино” оид ба баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат мулоқот баргузор карданд. 

Дар мулоқот аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, дар ин раванд доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои дар ихтиёрдошта ба хотири саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар суханронӣ карда шуда, сокинон барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб раҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg