
КӮШОНИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни хонандагони муассисаҳои таълимии рақами 1, 20 ва 68 ноҳия мусобиқаи варзишӣ-ҳарбӣ таҳти унвони "Ватанпарвар" баргузор гардид.
Дар мусобиқаи варзишии мазкур хонандагони бо шавқу рағбати беандоза иштирок карда, ғолиби мусобиқа гаштанд.