БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОН АЗ МУЛОҚОТИ НОМЗАД ҒИЗОИ МАЪНАВӢ ГИРИФТАНД

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, дар  деҳаи Кибил оид ба  пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  ба сухан баромада, зикр кард, ки  соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад. Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст. Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

Сипас сухан ба   номзад ба вакили Маҷлиси Вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №10 Асозода Дилшод Алимурод дода шуда, мавсуф замни баромади худ қайд намуд, ки  Пешвои миллат дар ироаи Паём изҳор доштанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ вобаста ба сарфакорона истифода намудани  неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода кардани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда шуда, интихобкунандагон  ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg