БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМО ВА РОҲКУШОИ МОСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби Ширин”-и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо  гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Зуҳрои Маҳмадсаид ва  Сайдализода Фаррух, инчунин намояндагони Ҷамоати деҳоти Кангурт оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор карда шуд.  Дар вохӯрӣ  вакилони мардумӣ вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии кишвар, мақому манзалаи занон дар ҷомеаи муосир, самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории COVID - 19, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” - ро риоя намудан бармеояд, андешаронӣ  намуданд.

Инчунин,  намояндагони ҳизбӣ низ дар баромади худ қайд карданд, ки Паём -санади тақдирсоз барои давлату миллати тоҷик буда, пайравӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Ҳамзамон самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ вазифаи мо сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg