![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/FB_IMG_1613380244289.jpg?itok=nEkGhDnS)
ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маҳаллаи Ваҳдати Ҷамоати шаҳраки Москва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр роҳандози гардид.
Дар ин чорабинии ҳизбӣ аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз маҳаллаи Ваҳдат ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, дар тозаву озода кардани гирду атрофи махаллаи мазкур, нишонидани дарахтони ороишиву сояафкан саҳми худро гузоштанд. Инчунин, дар ин корҳои ободонӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Миралиев Меҳроҷиддин иштирок дошта, ҳангоми суҳбат бо иштирокдорони чорабинӣ қайд намуд, ки шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо ҳусни зебоии хоса мебахшад.