АНДЕША. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.
Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон -Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дастоварди истиқлолият буда, тӯли ин солҳо ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ёфта, садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, матиниродаву ҷасурро тарбия намудааст. Ин дастоварди беназир тавассути сиёсати пайвастаи хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамин хел ба осонӣ ба даст наомадааст ва барои ба даст овардани он заҳматҳои зиёд кашидаему чандин нафарони ватандӯст ҷони худро низ дареғ надоштаанд. Бинобар ин ҳамаи ҷавонони бонангу номусро зарур аст, ки Ватани тӯли қарнҳо ба мо мерос мондаро пос доранд ва ҳифз намоянд, дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузоранд ва Ватани азизи хешро аз ҳама гуна таҳдидҳои сиёсию ҳарбии ҷаҳонӣ ҳимоя кунанд. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст.
Дар охир тамоми хизматчиёни ҳарбиро бо фарорасии 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод намуда, ба якояки онҳо тандурустӣ, саодати рӯзгор, садоқат ба Ватан ва халқу миллат дар фаъолияти кориашон бурдбориҳо таманно дорам, бигузор Артиши миллӣ дар иҷрои рисолати худ, яъне ҳифзи Ватан -Модар ва дифои манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода ва зафарёб бошад.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ