
МУЪМИНОБОД. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи С.Назарови ҷамоати шаҳраки Муъминобод баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раҷабова Гулсунбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, нисбати самтҳои гуногуни Паём ибрози ақида карданд.
Сипас, дар идомаи мулоқот Мирзошарифзода Сабоҳат раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар суханронӣ намуда, мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат даъват намуд.