БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

08 Апрел 2021

АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

Ш. ШОҲИН. Ҷиҳати хурраму обод гардонидани як гӯшаи диёр дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар якҷоягӣ бо  аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Коммуналӣ» ва «Муҳити зист» дар маркази шаҳрак корҳои бунёдкориву ободониро баргузор намуданд.

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

ШАҲРИТУС. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар  Идораи Раёсати кишоварзии ноҳия бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ (раисони ташкилоту муасисса ва ҷамоатҳои деҳот) ва кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  иштирок дошта, дар сатҳи баланд баргузор гардид.

ВАТАН ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

ШАҲРИТУС. Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритус дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби кормандони масъули ҳизбии ташкилотҳои ибтидоии «МД Литсейи касбӣ- техникӣ», «Маорифчиён», «Сохтори госпиталӣ».

АЁДАТИ АЁЗОВ ЮСУФҶОН АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

ҶАЙҲУН. Дирӯз кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар пайрави аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аёдату дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба дидорбинии маъюби гурӯҳи якум Аёзов Юсуфҷон рафтанд.

КУМАК БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади  дастгирии оилаҳои  эҳтиёҷманд дар  моҳи  шарифи  Рамазон   бо  маводи  хӯрока  чораҳои  амалӣ  андешида  истодааст.   

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Н.ХУСРАВ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  нуктаҳои  Паёми  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба таври мушаххас  ба  сокинони ҳар  як  деҳаю  маҳаллаҳои  ҷамоатҳои  деҳоти ноҳия   ҳамарӯза  фаҳмонида дода  истодаанд.

МО- ҶАВОНОН ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ ИН ВАТАНЕМ!

ХОВАЛИНГ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ҷавонон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 -и ноҳияи Ховалинг   бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Исфандиёр Саидмаҳмудов  вохӯрӣ баргузор гардид.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БА ФОИДАИ МОСТ

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи моҳияти аксияҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вохӯрӣ баргузор гардид.

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ОБОДИВУ ОЗОДИИ ВАТАНРО ДИДАН НАМЕХОҲАНД

ВОКУНИШ.  Мардуми  шарифи  Тоҷикистон  сулҳу  субот, ваҳдату  якдилии  Ватанро   барои  ин  миллат  бо  дасти  кам  ба даст  наовардаанд. Барои  пойдории  ин  сулҳу  субот  заҳмати  зиёде сарф  шуда, мардум   аз  чанд  санҷишҳо  гузашта неку бадро  ба  хубӣ  фарқ  мекунад ва  намегузорад  ин  сулҳу  суботи   бо  заҳмати  зиёде  ба  даст  овардашро  аз  даст  диҳад.

МАОРИФЧИЁН СЕМОҲАИ АВВАЛРО БО НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ниёзалӣ Ашуров ва аъзои фаъоли ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ РУШДУ ПЕШРАФТИ КИШВАРИ МОРО ДИДАН НАМЕХОҲАНД

ВОКУНИШ.  Имрӯз гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии  амсоли «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ, ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи  гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва  ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд.

МАҶЛИСИ РАЁСАТ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСӢ ГУЗАРОНИДА ШУД

ПАНҶ. Дар маркази саломатии ноҳияи Панҷ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзои Раёсат, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гашт.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИЁН ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2021

НОРАК. Дар  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  шаҳри Норак  маҷлиси  Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид.

ҲАДАФ: ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлис доир гардид, ки дар рафти он ҳисоботи нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ шунида шуд.

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ҚУБОДИЁН. Бо интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён мулоқоти номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддин Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул  баргузор гардид.

ДӮСТДОРИИ ТАБИАТ МАРОМИ МОСТ!

АНДЕША. Бахшида ба  сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара як қатор корҳои ободониву кабудизоркунӣ рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зебоипарастӣ  ва  озодагиро дӯст медоранд, мехоҳанд, ки  ҳама чиз дар табиат доимо  дар ҳолати дилрабо  бошад.

КОРРУПСИЯ МОНЕАИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъшаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд.

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ ФАЪОЛОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дирӯз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар семоҳаи якуми соли 2021 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ, собиқадори ҳизб Қобилова Лола , аъзои Раёсат Мирзоев Сафар, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан», кор

КУРСИ ОМӮЗИШИИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ОҒОЗ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ва ҷалби бештари ҷавонон барои иштирок дар р

ВОХЎРИИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ВАХШ. Бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, мулоқоти номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Вахш-32»  баргузор гардид.

ПОС ДОШТАНИ ОРОМГОҲҲО ЯКЕ АЗ АНЪАНАҲОИ НЕКИ НИЁГОН

ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Тепалики ҷамоати шаҳраки Киров бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БО АҲОЛӢ

ВАХШ. Дирӯз дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати  ноҳияи Вахш, вохӯрии номзадҳо аз ҲХДТ, ҲИИТ ва ҲАТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Вахш №32 бо интихобкунандагон доир гардид.

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зироаткорӣ” маҷлиси ҷвмъбастӣ доир шуд.

ҲАДАФ: ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ

БАЛҶУВОН. Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар ноҳияи Балҷувон корҳои созандагию бунёдкорӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg