БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ РУШДУ ПЕШРАФТИ КИШВАРИ МОРО ДИДАН НАМЕХОҲАНД

ВОКУНИШ.  Имрӯз гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии  амсоли «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ, ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи  гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва  ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо  онҳо бозори  ҳангоматалабии  худро  гарм сохта,  дар сомонаҳои    интернетӣ хабарҳои   дурӯғу  туҳматангез, дассисаю  иғвоҳои  навбатии  худро  нисбати  давлату  ҳукумати феълии Тоҷикистон, бо   тобиши  барои  худашон  маъқул пешниҳод  намуда,  ҷомеаро ба нофаҳмӣ  меоранд.
Дар  васоити  ахбори  омма хабари  ВКД рӯи чоп омадаааст, ки  бо  сабаби риоя  накардани  қоидаҳои  будубош ва  ба  роҳҳои ғайриқонунӣ  соҳиб шудан ба  шаҳрвандии  Россия,  шаҳрванди  Тоҷикистон Холов  Иззатулло  Амонович бо қарори  додгоҳи  ноҳияи  Твери  шаҳри  Москва  аз  Федератсияи  Россия ронда шудааст.

Номбурда, ки  қаблан  барои  содир  намудани  ҷинояти  қаллобӣ дар  асоси  моддаи  247, қ.4 Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ   парвандаи  ҷиноятӣ  оғоз карда  шуда, дар  ҷустуҷӯи  расмӣ  қарор  дошт,  аз  тарафи  мақомоти  корҳои дохилӣ  дастгир  ва  ба  ҳабси  пешакӣ  гирифта  шуд.  Маълум  гардид,  ки  номбурда  дар  Федератсияи  Россия бо  роҳи фиребу  найранг, бо  баҳонаи  ҳимояи  ҳуқуқи  шаҳрвандони  Тоҷикистон ва  муҳоҷирони  меҳнатӣ барои  ҳимояи айбдоршавандаҳо аз  даҳҳо  нафар маблағҳои  калони  пулӣ  гирифта,  ягон  кореро   анҷом   надода,  маблағҳои  бо  роҳи фиреб  ба  даст  овардаашро  ба  манфиати  шахсиаш сарф  карда,  ба  шаҳрвандон зарари  калони  моддӣ  расонидааст.  

Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим акнун дарк  намуданд, ки он ҳама  гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи  Ҳукумату  давлат  раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди  миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.

Душманони  миллат  роҳбарияти  фирории ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи  -24,  Паймони  миллӣ,  бо  даъвоҳои  беасос  ва туҳматангези худ  даъво  менамоянд, ки  гӯё   роҳбарияти  Тоҷикистон  бо  сабаби ғаразноки сиёсӣ  Иззат  Амонро ғайриқонунӣ ба  ҳабс гирифта,  нисбаташ парвандаи  ҷиноятӣ  оғоз кардаанд.  Агар  ба  мантиқи  суханони  ин  гурӯҳҳои  манфури  «мухолифини ҳукумат» , ки  худро «ҳомии  демократия» маънидод  менамояд, диққат  диҳем  шармамон  меояд.  Агар  онҳо  дар  ҳақиқат дӯстдори  миллат бошанд, ин гуна  фитнаангезию  масхарабозӣ  набояд  кунанд. Барои  онҳо  ягон  муқкадасот арзише надорад, на  давлату  миллат, на  падару  модар ва  на  Ватану  дину  имон.  Онҳо  дар  хориҷ  иртиҷоӣ  шуда, нисбати  Ватану  миллати худ таҳқиру  носазогӯиҳо карда ва  ин таҳкномаҳои  худро  шарм  надошта тариқи  навори видеоӣ паҳн  менамоянд. Онҳо фикр намекунанд, ки   наздикону  волидонашон ки  дар  ин  кишвар  зиндагӣ  доранд,  дар  ҳолати  ногувор мемонанд.

Имрӯз  ҷавонони  мо  бояд  ҳушёру  зирак  ва  аз  авзои  сиёсии  ҷомеаи  ҷаҳонӣ бохабар бошанд, ҳамчун  фарзандони  бо нангу ори  Ватан ҳеҷ  гоҳ  ба  ин  душманони  миллат  роҳ  надиҳанд, ки пояҳои  Истиқлолияти  кишварро  заиф  гардонанд. Ин сулҳу салоҳ ва    оромии  ҷомеаро ҳифз  намуда,  кору  зиндагӣ  намоянд, манфиатҳои  миллӣ-Истиқлолияти  давлатиамонро  ҳифз намоянд.  Аммо бархе аз одамони кӯрнамак ва носипоси ин миллат, ҳамсони аъзои  ТЭТ  ҲНИ, Гурӯҳи -24, Паймони  миллӣ, мехоҳанд баҳори гулфишону гулбасари Тоҷикистони озоди моро ба хазони абадият табдил бидиҳанд. Онҳо шояд фаромӯш карда  бошанд, ки ин мардум аз суннат, аз ақл ва аз хиради азалии  хеш истифода  менамоянд, то  дар масири ҳикмату  хирад ва арзишҳои воло ҷовидон боқӣ бимонанд.

Раҳмон  Муродов, муовини  раис-мудири  шуъбаи  ташкилӣ  ва  кор  бо  кадрҳои  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg