НОРАК. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Норак маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо иштирок доштанд. Маҷлисро Қумриниссо Гулмуродзода кушода, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда гузориш дод. Зимни баромади худ Қумриниссо Гулмуродзода қайд намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз ана ҳамин пойдории сулҳу суботи кишвар аст, ки мо аз баракати он ва ваҳдати саросарӣ, дар маҷлисҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон сухан менамоем.
Инчунин, дигар баромадкунандагон низ вобаста ба масъалаҳои ба миён гузошташуда фикру андешаҳои хешро изҳор дошта, бо дастгирии фаъолони ҳизб қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.