ВОКУНИШ. Мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдату якдилии Ватанро барои ин миллат бо дасти кам ба даст наовардаанд. Барои пойдории ин сулҳу субот заҳмати зиёде сарф шуда, мардум аз чанд санҷишҳо гузашта неку бадро ба хубӣ фарқ мекунад ва намегузорад ин сулҳу суботи бо заҳмати зиёде ба даст овардашро аз даст диҳад.
Мардуми тоҷик махсусан зиёиёни ватанӣ, ки солҳои навадуми асри гузашта мавқеи бетарафӣ ва бетавақуфиро ихтиёр карда буданд, аз ноилоҷӣ ва ҷустуҷӯ накардани ҳалли мушкилот ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданд. Маҳз дар ҳамон замон аз ҷониби баъзе созмонҳои бо ном “демократӣ”, ки аслан васоити ахбори омма дар ихтиёрашон буд, аз бесалоҳиятии мақомотҳои давлатӣ ва роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ истифода карда, бо баҳонаи “Бозсозӣ” ҳамаи камбудию норасоиҳои ҷомеаро ба сари роҳбарони ҳамонвақта бор мекарданд. Дар амалисозии ин ҳама мусибатҳои ба сари мардум омада, ҳиссаи баъзе саркардагони ин таҳаввулот, аз ҷумла рӯзноманигорон, кормандони васоитаи ахбори оммаи ҳамон вақт дар ихтиёрашон буда нақши асосиро бозида, як қишри ҷомеаро бо ваъдаҳои дурӯғу бофта ба ном “демократия” ба ҷониби худ кашида, тавассути ахбори омма ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуданд, ки боиси ҳалокату хунрезии мардуми Тоҷикистон гардид. Аз ҷониби ин гурӯҳҳои ба ном “демократӣ”-и тафриқандоз, дар васоитаи ахбори омма ҳар гуна маводҳои бардурӯ ғу иғвогаронаро бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва низоъ дар байни мардум нашр ва паҳн менамоянд. Чуноне, ки имрӯзҳо маълум аст, аъзои ин гурӯҳҳои ифротӣ ба хориҷи кишвар фирор намуда, дар кишварҳои хориҷ аз минбарҳои баланд худро бо дурӯғҳои бофтаашон сафед карданӣ шуда, бо рорҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар гуна ташкилотҳои ғайриқонунӣ ҳимояи муҳоҷирон меҳнатӣ созмон дода, бо роҳи фиреб маблағ ба даст меоваранд.
Имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ садову овозаҳое нисбати Иззат Амон чоп шуда, ӯро ҳамчун ҳимоятгари муҳоҷирони меҳнатӣ муаррифӣ намуда истодаанд.
Чуноне, ки аз рӯзномаҳо огоҳ шудем, ӯ бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиби шаҳрванди Федератсияи Россия шуда, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москава бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош аз Федератсияи Россия ронда шудааст. Номбурда бо роҳи фиребу найранг гӯё ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба роҳ мемонда бошад аз даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатии корафтода маблағҳои калони пулӣ гирифта аз худ карда ба онҳо ягон хел кумаки ҳуқуқӣ нарасонидааст.
Мақомотҳои қудратии Тоҷикистон ашхосе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд ва ба қонунвайронкуниҳо даст зада ба шаҳрвандони кишвар зарарҳои калони моддӣ мерасонанд, ҷораҷӯи менамоянд.
Нисбати ӯ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247,қ 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мардуми шарифи кишвар нодурусту бебунёд ва ботилу ифротгаро будани ақидаҳои онҳоро дарк намудаанд ва намегузоранд онҳо ин амалҳои зишти худро дубора такрор намоянд.
Мо сокинони ноҳияи Носири Хусрав тинҷию амонӣ, озодию истиқлоли комили сиёсӣ, ваҳдати миллии рушди бомароми иқтисоди ба даст омадаро чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоем ва бо барномаҳои дурандешонаю созандаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷаъму муттаҳид буда, ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз менамоем. Намегузорем, ки хоинони миллат ободиву озодӣ ва зиндагии тинҷу ороми сокинони Ватани азизамонро халалдор созанд.
Сураё Ализода, раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав