БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФЧИЁН СЕМОҲАИ АВВАЛРО БО НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ниёзалӣ Ашуров ва аъзои фаъоли ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлис аз тарафи раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ Ниёзалӣ Ашуров натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳа оид ба фаъолияти кории  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, инчунин дигар масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки аз дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ бармеояд, ҳисобот дода, нисбати масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Левакант зимни суханронӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоњӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим суханронӣ намуд. Ҳамзамон, ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки таҳти сарпарастии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро барои иштирок дар озмунҳои мазкур омода намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg