
Ш. ШОҲИН. Ҷиҳати хурраму обод гардонидани як гӯшаи диёр дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар якҷоягӣ бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Коммуналӣ» ва «Муҳити зист» дар маркази шаҳрак корҳои бунёдкориву ободониро баргузор намуданд.
Дар ин рӯз беш аз 120 бех дарахтони мевадиҳандаву сояафканро дар маркази шаҳрак шинониданд, ки ин сарсабзу хуррамгардонӣ симои маркази шаҳракро ба куллӣ тағйир дод. Инчунин, ба ин монанд кӯчаву роҳравҳои одамгузарро аз партову алафҳои бегона тоза карда, дар як қатор корҳои созандагӣ саҳми назаррасро гузоштанд.