БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

Ш. ШОҲИН. Ҷиҳати хурраму обод гардонидани як гӯшаи диёр дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар якҷоягӣ бо  аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Коммуналӣ» ва «Муҳити зист» дар маркази шаҳрак корҳои бунёдкориву ободониро баргузор намуданд.

Дар ин рӯз беш аз 120 бех дарахтони мевадиҳандаву сояафканро дар маркази шаҳрак  шинониданд, ки ин сарсабзу хуррамгардонӣ симои маркази шаҳракро ба куллӣ тағйир дод.  Инчунин, ба ин монанд кӯчаву роҳравҳои одамгузарро аз партову алафҳои бегона тоза карда, дар як қатор корҳои созандагӣ саҳми назаррасро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg